Ссылки доступа

Донишҷӯи худсӯзи қазоқ даргузашт


Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон донишҷӯи 20-сола, ки ҳафтаи гузашта худсӯзӣ карда буд, фавтид, хабар додаст ба бахши қазоқии радиои Озодӣ Ҳамза Досжанов, муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии Туркистон. Донишҷӯ дар ин беморхона бистарӣ буд.

- Донишҷӯи 20-сола, ки бо 90 дарсади сӯхтагии ҷисм ба беморхона оварда шуда буд, шаби якшанбе фавтид, - гуфт Досжанов.

Дар бораи бистарӣ шудани ҷавон баъди худсӯзиаш шуъбаи корҳои дохилии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ин донишҷӯ 7 декабр дар манзилаш худсӯзӣ карда, баъдан ба беморхона оварда шудааст. Бино бар иттилои мақомот, аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG