Ссылки доступа

Омили сӯиқасд ба имоми ӯзбек ба 18 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Шветсия шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон Юрий Жуковскийро барои сӯиқасд ба ҷони имоми ӯзбек Обид Назаров ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Худи Назаров аз замони ҳамла, ки 22 феврали соли 2012 рух дода буд, дар ҳоли беҳушӣ бистарист. Вай дар назди даҳлези манзилаш дар шаҳри Стромсунди Шветсия аз сараш тир хӯрд.

Додситони шведӣ Кристер Петерсон тасдиқ кард, ки сӯиқасд аз сӯи ҳукумати Тошканд супориш шудааст. Додситон барои Жуковский ҳабси абадро талаб карда буд.

Юрий Жуковский ба Шветсия аз Русия 25 август бо гумони сӯиқасд ба Обид Назаров, имоми ӯзбек ва мухолифи режими Ислом Каримов, ки аз соли 2006 дар Шветсия паноҳанда шудааст, интиқол ёфт.

Жуковский замони боздошт дар Москва ба пулис ба гуноҳаш иқрор карда буд, вале баъдтар баёноти худро тағйир дод. Вай зикр кард, ки наметавонад дар бораи ҷузъиёти ҳамла ошкоро суҳбат кунад. Мақомоти Ӯзбекистон ҳодисаи ҳамла ва муҳокимаи додгоҳиро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG