Ссылки доступа

Деҳқони арманӣ дар Ӯзбекистон гӯё барои робита бо ДИ ҳабс шуд


Арамаис Авакян, деҳқоне аз вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз 4 сентябр ба ин сӯ бо гумони робита бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ҳамроҳ бо вай 4 дӯсти дигараш дар мухолифат варзидан ба сохти конститутсионӣ, созмон додан ва роҳбарии гуруҳи тундгарои динӣ, ҷудоихоҳӣ айбдор мешаванд. Алайҳи Авакян ҳамчунин бо моддаи «Дуздӣ» айб эълон шудааст.

Наздикони деҳқони 33-сола мегӯянд, вай пайрави дини масеҳӣ буда, бо мусалмонону «Давлати исломӣ» ҳич робитае надорад. Наздикони деҳқон аз эҳтимол дур намедонанд, ки мумкин аст, вай зери шиканҷа фавтида бошад. Намояндагони мақомот мегӯянд, Авакян зинда аст, аммо «аз миз афтидаву маъюб гаштааст».

Ба бовари ҳамсари Авакян, ихтилофи деҳқон бо мақомоти маҳаллӣ бар сари фермаи моҳипарварияш дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах рӯ задааст. Ҳамаи боздоштшудаҳо дар хоҷагии мазкур кор мекарданд.

Далели асосии гуноҳи Авакян ва боздоштшудаҳои дигарро тафтишот паёмаке меномад, ки гӯё ин афрод ба ҷиҳод мерафтаанд. Аммо ин паёмак ё СМС баъди боздошти деҳқонон фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG