Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Кенгаши вилоятии вакилони халқ ҳокими вилояти Бухоро Муҳиддин Эсанов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, 11 мақомдорон аз вазифаи худ барои иҷро накардани вазифаҳои ба салоҳияташон вогузоршуда барканор шудаанд.
Мудирони 26 коллеҷ низ барои дуруст иҷро накардани вазифаҳояшон барканор гардидаанд.
Муҳиддин Эсанов фаъолияти муассисаҳои таълимиеро, ки ба гуфаи вай, ба раванди омӯзиш хунукназарона муносибат мекунанд, инттиқод кард. Ба гуфтаи ҳокими вилояти Бухоро, дар бархе ҳолатҳо амалҳои ғайриқонунии масъулони ин муассисаҳо ошкор шудаанд.