Корхонаи "Раёсати махсуси шаҳрии Москва дар умури ташхис, таъмир ва нигаҳдории роҳҳо" барои пароканда кардани абрҳо 85,9 миллион рубл ҷудо кардааст, хабар медиҳад сомонаи расмии хариди давлатии Русия.
Тибқи анъана, дар Русия танҳо дар ҷашни Рӯзи ғалаба - 9 май, дар Рӯзи Русия - 12 июн ва дар Рӯзи пойтахт, ки дар нахустин рӯзҳои истроҳати моҳи сентябр иттифоқ меафтад, абрҳои Москва пароканда карда мешуд. Соли ҷорӣ дар санаи 1 май на танҳо Ҷашни меҳнат таҷлил мешавад, балки Иди поки масеҳиҳои православ низ дар ин рӯз иттифоқ афтодааст.
Тарзи пароканда кардани абрҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ дар Москва тӯли даҳсолаҳо коркард шудааст, хабар медиҳад "Интерфакс". Абрҳоро бо ҳавопаймоҳои вижа дуоксиди карбон, моеъи азот ва сементи махсус мепошанд.
Дар соли 2015 барои пароканда кардани абрҳои Москва дар рӯзҳои ҷашнӣ 430 миллион рубл ҷудо шуда буд.