Ссылки доступа

Қаҳрамони тоҷикистонии Амрико ба кумак эҳтиёҷ дорад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 7 августи соли 2017 (видео)

- Додгоҳ шикояти Алӣ Фирӯзро дар мавриди истирдод бозбинӣ мекунад.Додгоҳе дар Москва ба баррасии шикояти хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз пардохт. Хабарнигор тибқи қарори додгоҳ, бояд ба Ӯзбекистон истирдод шавад (видео аз Директ)

- Нозирони барқ дигар ба хонаи Шумо намеоянд. Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад (видео)

- Қаҳрамони тоҷикистонии Амрико ба кумак эҳтиёҷ дорад. Варзишгари тоҷик оид ба ҷудо Хушбахт Қурбонмаҳмадов, ки беш аз 7 моҳ инҷониб дар Амрико ба сар мебарад, азм дорад, дар Бозиҳои Олимпии 2020 ширкат кунад. Аммо барои расидан ба ин орзу, ки тӯлониву серхарҷ аст, ин варзишгар бо кушодани суратҳисоб аз дӯстодорони варзиш кумак мехоҳад (видео)

- Бо хурдсолтарин сиркбози Тоҷикистон ошно шавед. Манучеҳри Шарифзода, хурдсолтарин сиркбози тоҷикро, масъулони сирк аз як озмуни ноҳиявӣ пайдо кардаву ба ин толор овардаанд. То онзамон, аз маҳорати Манучеҳри шашсола танҳо хонавода ва атрофиён огоҳ буданд (видео)

- Пойи луч ронандагӣ накунед, хатарнок аст. Дар Чин ронанда ва як мусофири мошине, ки дар дохили туннел ба садамаи сахт гирифтор шуд, осеби ҷиддӣ надиданд, вале роҳро бастанд. Пулис гуфт, азбаски ронанда пойафзол надошт, зимни зер кардани газ хато кардааст. (видео)

- Тақвияти амният дар Кобул баъди ҳамлаҳои хунин. Маъмурони амниятӣ афродеро, ки ба маркази шаҳр меоянд, тафтиш мекунанд, то аслиҳа ва ё маводи тарканда надошта бошанд. (видео)

- Ҷашнвораи баҳодурони Қрим: дар Судак либоси ҷангӣ ба баркарданд ва бо шамшер ҷангиданд. (видео аз Директ)

- Муҳоҷирони Африқо вориди Испания шуданд. Даҳҳо муҳоҷир аз Африқо субҳи 7 август марзро убур карда, аз Мағриб ба Испания гузаштанд. (видео)

- Канада аз Украина шарбат ва мошинҳои барфрӯб мехарад. Воридкунандаҳои мол аз Украина ба Канада дигар боҷ намесупоранд. Ду ҳафта мешавад, ки созишномаи Канада ва Украина дар бораи минтақаи озоди тиҷорӣ ба иҷро даромад. Ин санад чиро пешбинӣ мекунад ва пеш аз ҳама ба нафъи кӣ аст? (видеои Настоящее время)

- Департаменти давлатии Тиллерсон: чӣ тағйир меёбад? Котиби давлатии Амрико мехоҳад, сохтори департаментро тағйир диҳад. (видео аз Директ)

- Кӯдакони 100 сол пеш. Аксҳо аз лоиҳаи "Таърихи Русия ба ривояти тасвир" (russiainphoto.ru) (нигористон)

- Девори андӯҳ дар чорроҳаи Сахаров. Дар шаҳри Москва бунёди ёдгории қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ оғоз шуд. Қисмати аввал аз "Девори андӯҳ" ва 11 муҷассамаи биринҷӣ иборат аст. (видео аз Директ)

- Аз "Артиши ҷавон" то ҷустуҷӯгарон: Кӣ лагерҳои кӯдакони ватанпарастро дар Русия таъсис медиҳад ва дар онҳо чиро меомӯзонанд? (видеои Настоящее время)

- Дстаи ҳамсароёни Калисои Систини Рум ба ИМА сафар мекунад. Қадимитарин дастаи ҳамсароии ҷаҳон бори нахуст дар 30 сол аз Амрико боздид мекунад. (видеои Настоящее время)

- Ислоҳоти муҳоҷирати Трамп чиро тағйир медиҳад? Президенти ИМА лоиҳаи қонуни RAISE-ро муаррифӣ кард, ки усули низоми муҳоҷирати Амрикоро куллан тағйир медиҳад (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG