Ссылки доступа

Отамбоев пеш аз рафтан ба Путину Мирзиёев орден дод


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамтои русаш Владимир Путинро бо ордени “Манас” дараҷаи I қадрдонӣ кардааст. Отамбоев ҳамчунин ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ордени “Данакер” додааст.

Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, нишони “Манас” дараҷаи I ба Путин барои “саҳми назарраси ӯ дар таҳкими шарикии стратегӣ ва рушди ҳампаймонӣ” миёни ду кишвар дода шудааст.

Мирзиёв барои "саҳми бузурги шахсияш дар барқарории шарикии стратегӣ, таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамсоядории нек” бо нишони “Данакер” қадрдонӣ гаштааст.

Ҳамчунин ба раҳбари ансамбли мусиқии “Ялла” Фаррух Зокиров ва президенти дастаи КВН-и Қирғизистон Александр Масляков ордени “Достук” дода шудааст.

XS
SM
MD
LG