Ссылки доступа

Туркия аз Қазоқистон фиристодани омӯзгорони литсейҳои туркиро талаб дорад (видео)


Туркия омӯзгорони литсейҳои туркиро, ки дар Қазоқистон фаъолият доранд, дар ҳамдастӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен айбдор мекунад. Мақомоти Туркия муҳлати шиносномаҳои ин омӯзгоронро тамдид накарданд ва фиристодани онҳоро ба Туркия талаб доранд.

Сарфи назар аз он ки Қазоқистон гуфт, омӯзгоронро нахоҳад фиристод, Туркия талаб кард, ки Остона ба онҳо кумак нарасонад ва паногоҳ надиҳад.

Моҳи август бори аввал кормандони хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон ба хонаи омӯзгори литсейи туркӣ Усмон Демирелии турк омаданд. Кормандони хадамот ҳуҷҷатҳои духтари Демирелиро тафтиш карданд, ки он замон муҳлаташон гузашта буд. Сафорати Туркия дар Қазоқистон ба дархостҳои ин хонавода барои тамдиди ҳуҷҷатҳояшон посух надод.

Як омӯзгори дигари литсеи инноватсионии туркӣ - Исо Олтинтош гуфт, шаҳрвандони дигар, ки дар литсейҳо кор намекунанд, ҳуҷҷатҳояшон сари вақт тамдид мешавад. "Ин хатар вуҷуд дорад, ки ба маҳзи вориди Туркия шудан моро ба зиндон мебаранд", - гуфт вай.

Вакили дифоъ Алибек Смаилов мегӯяд, ҳатто дар сурати дархости паноҳандагӣ эҳтимол вуҷуд дорад, ки Қазоқистон ба омӯзгорон паноҳгоҳ надиҳад.

Дар Қазоқистон дар як ҳамоиш хатмкардаҳои литсейҳои туркӣ аз омӯзгорон ёд карданд. Соли гузашта дар Қазоқистон аз пештоқи литсейҳо калимаи туркӣ бардошта шуд ва ин муассисаҳо танҳо муассисаи омӯзишӣ-инноватсионӣ ном гирифтанд.

Дар Қазоқистон 27 литсейи давлатӣ, 3 литсейи хусусӣ, 2 мактаби байналхалқӣ, 2 коллеҷ ва 1 донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирелӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG