Ссылки доступа

Додгоҳи Гаага Младичро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард (видео)


Додгоҳи низомии СММ 22 ноябр собиқ фармондеҳи сербҳои Босния Ратко Младичро барои ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Югославияи пешин ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Младич бар пояи 10 банди айбнома, аз ҷумла наслкушӣ ва содир кардани ҷиноятҳои зиддибашарӣ айбдор эълом шуд.

Худи Младич ҳангоми эъломи ҳукм дар толори додгоҳ ҳузур надошт. Ӯро барои доду фиғон кардан дар рафти мурофиа бо дастури додрас аз толор берун карданд. "Младич ба утоқи махсус интиқол ёфт ва раванди эъломи ҳукмро аз онҷо пайгирӣ хоҳад кард", - гуфт додрас Алфонс Орие.

Додраси СММ изҳор дошт, ки Ратко Младич дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла таъқибу қатли сокинони осоишта дар шаҳру ноҳияи Босния айбдор дониста мешавад. Мудҳиштарини ин ҷиноятҳо қатли омми мусулмонони босниягӣ дар Сребренитса дар соли 1995 ва муҳосираи Сараев аст, ки чаҳор сол тӯл кашид.

Босния жана Герцеговинадагы аялдар Ратко Младичке чыгарылган өкүмдү колдоп жатышат
Босния жана Герцеговинадагы аялдар Ратко Младичке чыгарылган өкүмдү колдоп жатышат

Муҳокимаи Младич охирин мурофиаи додгоҳи низомӣ буд. Он соли 1993 бо қарори Шӯрои амнияти СММ барои санҷиши ҷиноятҳое ташкил шуд, ки дар рафти задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Югославияи пешин анҷом шудаанд. Бино ба баъзе маълумотҳо, дар ҷангҳои Босния ва Ҳерзеговина беш аз 100 ҳазор одам кушта шудаанд. Младич яке аз шахсиятҳои калидии ин задухӯрдҳо буд.

Додгоҳи низомии байналмилалӣ гуфт, Младич аз 12 майи соли 1992 то 8 ноябри соли 1996 баландтарин намояндаи артиши Ҷумҳурии Сербия буда, тамоми ҷангиён ва нирӯҳои тобеъро раҳбарӣ мекард.

Дар доираи парвандаи Младич ҳудуди 28 ҳазор далел ҷамъоварӣ ва аз 410 шоҳид баёнот гирифта шудааст. Ҷониби айбдоркунанда ҳабси якумрӣ ва вакилони дифоъ раҳоии Младичро хоста буданд.

XS
SM
MD
LG