Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон қонуни баҳсбарангези ВАО-ро қабул кард


Порлумони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи иттилоот ва коммуникатсияи ин кишварро қабул кард. Ба гуфтаи интиқодгарон, баъзе аз бандҳои лоиҳа озодии баёнро маҳдуд карда, ба фаъолияти рӯзноманигорӣ монеа эҷод мекунад.

Дар ин лоиҳа банде аст, ки рӯзноманигоронро вазифадор мекунад, то пеш аз нашри маълумоти шахсӣ, хонаводагӣ, бонкӣ ва дигар иттилои сиррӣ розигии қаҳрамони матлабро ба даст оранд. Ҳамчунин аз сомонаҳои Қазоқистон талаб мекунад, ки шахсияти шарҳнависони матолиби худро муайян карда, маълумот дар бораи онҳоро то се моҳ ҳифз кунанд.

Лоиҳаи қонунро палатаи поёнии порлумони Қазоқистон бидуни тағйир қабул кард. Муҳлати посухи ниҳодҳои давлатии Қазоқистон ба дархостҳои рӯзноманигорон низ аз 3 то ба 7 рӯзи корӣ дароз карда шуд. Пештар пешниҳод шуда буд, ки он то 15 рӯз дароз шавад. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, тамоми хабарҳое, ки аз ниҳодҳои давлатӣ дода мешавад, ба "расмӣ" ва "ғайрирасмӣ" ҷудо карда шаванд.

Ба гуфтаи вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон Даурен Абоев, қонуни нав ниҳодҳои давлатиро вазифадор мекунад, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳодисаҳои барои ҷомеа муҳим хабари расмиро давоми се соат паҳн кунанд.

Абоев гуфт, бар пояи тағйиру иловаҳо, дар раванди баҳсҳои пешаздодгоҳии расонаҳо бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар бахши матбуот фаъолият мекунанд, метавонанд ба ҳайси миёнарав иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG