Ссылки доступа

"Генерали мардумӣ" - Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар Санкт-Петербург ғайб зад


Хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев) мегӯянд, ки ин рӯҳонии маъруф дар солҳои 90-ум ду рӯз пеш ҳангоми сафараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бедарак шуд ва аз сарнавишташ нигаронанд. Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 22-юми ноябр гуфт, бори охир шаби душанбеи гузашта бо ӯ тамос доштанд.

Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ гуфт, ҳамсараш бори охир шаби 20 ба 21-уми ноябр тахминан соатҳои 12-и шаб ба вақти Санкт-Петербург аз фурудгоҳ ба писараш Баракатуллоҳ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, занг задааст. Ӯ гуфт, “маро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.” Аз ин сӯҳбати кӯтоҳи падару писар онҳо фаҳмидаанд, ки ӯро ба Хуҷанд мебаранд ва вақте ба умеди пешвози ӯ ба фурудгоҳ рафтаанд, ҳамаи мусофирон берун шуда, вале Саидқиёмиддин Ғозиро надидаанд. “Фарзандонам рӯзи 21-уми ноябр ба истиқболаш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, аммо аз ӯ ҳеҷ дараке нашуд. Аз он замон то кунун дар бораи маҳалли будубошаш ҳеч хабаре надорем”, - афзуд ӯ.

Қаблан як пойгоҳи мухолифини тоҷик дар хориҷ навишт, ки Саидқиёмиддини Ғозӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардидааст. Аммо то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфта, хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба гуфтаи Мусулмонова, шавҳараш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо фарзандон қаҳвахона дошт ва онҷо кор мекард. “Бори охир 1,5 сол пеш дар Тоҷикистон буд ва баъд аз ин дар Русия кор мекард. Ду рӯз пеш аз иди Рамазони имсола фишорашон баланд шуда, афтиданд. Пояшон шикаст. 40 рӯз дар Русия табобат гирифтанд, аммо он фоида накард ва дар охир маҷбур шуданд, барои табобат ба Эрон раванд. Аз моҳи сентябр то ноябр дар Эрон табобат гирифтанд ва аз он ҷо дубора ба Русия баргаштанд”, - мегӯяд Раҷабгул Мусалмонова.

Қиёмиддин Ғозиев ё Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдори майдони “Шаҳидон” ба ӯ унвони “генерали мардумӣ”-ро дода буданд. Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Қиёмиддин Ғозиев ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG