Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон ИИАО-ро ниҳоди бетаъсир номид


Канибек Имоналиев, вакили порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи имрӯзӣ гуфт, дар масъалаи танзими вазъи марзи Қирғизистону Қазоқистон Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба ҳайси як ниҳоди бетаъсир амал кард.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати Қирғизистон баъд аз ин бояд хулосаи лозимӣ барорад.

"Панҷ кишвар даъво доранд, ки дар доираи иттиҳод шарик ҳастанд, аммо ҳеч кадом аз ин кишварҳо масъалаи ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор шудани Қирғизистонро баррасӣ накарданд. Инро чӣ гуна мешавад иттиҳоди иқтисодӣ номид? Созмони ҷаҳонии тиҷорат аллакай ин мавзуъро ба баррасӣ гирифт. Дар ин қазия 200 миллион доллар зарар расида ва ду созишнома вайрон шудааст. Аз ин хотир, савдои хориҷӣ бояд тавассути Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба роҳ монда шавад", - гуфт Имоналиев.

Дар ҳамин ҳол, ин вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, ки барои ҳалли вазъи марзи ду кишвар аз робитаҳои порлумонӣ кор гирифта шавад.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон сахттар кард, ки дар натиҷа сафи навбатпоён дар гузаргоҳҳо ба садҳо метр расид. Санҷиш баъди он сахттар шуд, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбов мақомоти Қазоқистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард.

Дар ибтидо Остона мегуфт, пурзӯршавии назорати марзӣ ба интихоботи президентӣ рабт дорад. Аммо баъдтар мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оморе, ки ҷониби Қирғизистон дар робита ба доду гирифташ бо Чин пешниҳод мекунад, бо омори пешниҳодии Чин фарқ дорад. Ҳукумати Қирғизистон ин иддаоро рад мекунад.

Ҳукумати Қирғизистон пурзӯршавии назорати марзиро муҳосираи иқтисодӣ номида, ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Комисияи иқтисодии Авруосиё шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG