Ссылки доступа

Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар "Оқсарой" ба ватан баргаштанд (видео)


Як қисми муҳоҷирони тоҷике, ки дар истгоҳи "Оқсарой", дар марзи Русия бо Қазоқистон банд монда буданд, ба ватан баргаштанд. Ин гурӯҳи 17-нафарии муҳоҷирон шоми 22 ноябр ба воситаи қатори "Москва-Душанбе" оварда шуданд.

Аз 2 то 14 ноябр марзбонони Русия 229 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори масири Москва-Душанбе ва Москва-Хуҷанд фароварда, бо гумони нақзи муқаррароти будубош дар ин кишвар боздошт карданд.

Яке аз ин муҳоҷирони баргашта Наврӯз Қосимов гуфт, "вақте моро фароварданд, билети ман электронӣ буд ва онро сарҳадбонони Русия тамдид накарданд. Билет сӯхт. Моро ба додгоҳ кашида, гуфтанд, ки санадҳои шумо нав нест ва моро ихроҷ карданд. Дар онҷо шабу рӯз аслан нону чой мехӯрдем, шароит хуб набуд".

Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо дар толори истгоҳи Роҳи оҳан нигоҳ дошта мешуданд ва харҷи ғизо аз ҳисоби худашон буд. Танҳо баъди расидани ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва масъулони Роҳи оҳан аз Душанбе дар вагонҳо бо рахти хоб ва ғизои бепул таъмин шудаанд.

Пештар ҳукумати Тоҷикистон ба Корхонаи роҳи оҳан дастур дода буд, ки муҳоҷирони бандмондаи кишварро аз истгоҳи "Оқсарой" ройгон ба ватан биорад. Ба гуфтаи сухангӯи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Анвар Латифзода, дар ҳоли ҳозир, дар истгоҳи "Оқсарой" 29 шаҳрванди кишвар мондаанд ва қарор аст, онҳо 24 ноябр ба ватан оварда шаванд.

Ба огаҳии сафорати Тоҷикистон дар Русия, миёни муҳоҷироне, ки марзбонони рус аз қатор фаровардаанд, даҳҳо шаҳрванди Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG