Ссылки доступа

Мухолифони Сурия: Башор Асад бояд истеъфо диҳад


Намояндагони гуруҳҳои мухолифи Сурия, ки дар шаҳри Риёз гирди ҳам омаданд, бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, президент Башор Асад бояд то оғози давраи гузариш истеъфо диҳад. Дар изҳорот қайд шуда, ки фазои амну суботи равандҳои сиёсӣ танҳо дар ин шароит таъмин хоҳад шуд.

Намояндагони мухолифони Сурия бо даъвати мақомоти Арабистони Саудӣ дар Риёз ҷамъ шуданд. Ҷонибҳо бо ташкили мавқеи умумии мухолифон барои гуфтугӯ бо ҷониби Асад зери сарпарастии СММ дар шаҳри Женева машғуланд. Вохӯрии навбатии мухолифон ва ҳукумати Сурия қарор аст, 28 ноябр баргузор шавад. Онро фиристодаи махсуси СММ дар Сурия Стаффан де Мистура баргузор хоҳад кард.

Бештари намояндагони мухолифони Сурия мегӯянд, масъалаи президенти ояндаи ин кишвар бояд дар интихобот ҳал шавад. Аксарият бар инанд, ки Асад ҷинояткори ҳарбӣ аст ва ҳаққи пешбарии номзадиашро надорад.

Русия, Эрон ва Туркия мехоҳанд, дар баробари вохӯриҳои Женева Конгресси мардумии Сурияро низ ташкил кунанд. Раҳбарони се кишвар 22 ноябр дар шаҳри Сочии Русия дар ин бобат созишномаеро имзо карданд. Эрону Русия аз режими кунунии Сурия ва Туркия аз гуруҳҳои алоҳидаи мухолифон ҷонибдорӣ мекунанд.

Кишварҳои Ғарб борҳо Кремлро айбдор карданд, ки амалиёти низомии Русия дар Сурия ба ҳимоят аз режими Башор Асад ва саркӯби мухолифони он равона шудааст ва дар натиҷаи бомбаафканиҳои муштараки Димишқу Москва низ сокинони осоишта ҷон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG