Ссылки доступа

Додгоҳи Шветсия шаҳрванди гумонбар дар терроризми Ӯзбекистонро аз зиндон озод накард (видео)


Додгоҳи Шветсия ҳабси то додгоҳии шаҳрванди Ӯзбекистонро тамдид кард, ки дар ҳамла айбдор мешавад. Дар натиҷаи он ҳамла панҷ одам кушта шуд. Додгоҳи Стокҳолми Шветсия 23 ноябр қарор кард, ки Раҳмат Оқилови 39-сола то 21 декабр дар боздошт боқӣ монад.

Муфаттишон бар ин назаранд, ки Оқилов 7 апрел як мошини борбарро рабуда, бо он дар маркази шаҳр одамонро пахш кардааст. Додгоҳ мегӯяд, Оқилов ба дархости муфаттишон дар бораи тамдиди муҳлати ҳабсаш эътироз накард. Ин шаҳрванди Ӯзбекистон дар терроризм гумонбар дониста мешавад.

Стокҳолм - яке аз чанд шаҳри аврупоист, ки дар онҳо тавассути мошин ҳамла сурат гирифтааст. Сар аз соли 2016 дар Барселона, Лондон, Берлин ва Нитса ба одамон бо мошин ҳамла карданд.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов моҳи апрел гуфт, ки Оқилов баъди тарки Ӯзбекистон дар соли 2014 аз сӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ҷалб шудааст.

XS
SM
MD
LG