Ссылки доступа

“Русия паём дод, ки Тоҷикистон зудтар узви Иттиҳоди Авруосиё шавад” (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 23-уми ноябри 2017 (видео)

- “Русия паём дод, ки Тоҷикистон зудтар ба ИИАО ворид шавад”. Таҳлилгарони умури сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, Маскав тавассути дипломати рақами аввалаш ба Душанбе паём медиҳад, ки ҷараёни пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро битезонад (видео)

- "Ҳеч хонаи боҳашамати ятимон мисли кулбаи модар нест”. Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор кӯдаки ятим сабт шудаанд, ки аксари онҳо дар тарбияи муассисаҳои давлатӣ мебошанд (видео)

- Як мактаби Норакро аз лимити барқ халос карданд. Хонандагони мактаби рақами 11-и шаҳри Норак парвои маҳдудият ё лимити нирӯи барқро надоранд. Ин мактаб ҳамеша бо нирӯи барқ таъмин хоҳад буд. Нирӯи барқ аз дастгоҳҳои хусусии мактаб таъмин мешавад. Бо дарназардошти онки рӯзҳои офтобии Тоҷикистон зиёданд, дар инҷо истифодаи нирӯи хуршедӣ ё энергияи сабз тавсия мешавад (видео)

- Отамбоев: Дар атрофи Э.Раҳмон афроде ҳаст, ки аз замони қадим кор мекунанд. Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон, баъд аз 6 соли раҳбарӣ рӯзи 24-уми ноябр раёсати худро ба поён мебарад. Дар ин муддат Отамбоевро мунаққидон борҳо як "сиёсатмадори бефарҳанг", "эҳсосотӣ" ва "авомфурӯш" номидаанд. Дар ин видео чандин изҳороти баҳсбарангези Отамбоев дар бораи кишварҳои ҳамсоя ва раҳбаронашон нашр шудааст (видео)

- Осиё. Рӯзи охирини Отамбоев. 24 ноябр. Охирин рӯзи президентии Алмосбек Отамбоев. Пурҷилотарин изҳоротҳои сиёсатмадор ва ҷанбаҳои мусбату манфии раҳбарии ӯ. Дар Ӯзбекистон санҷиши сартосарии бакорати хонандагон идома дорад. Дар Қирғизистон даҳҳо гӯсфанди нодири Марко Полоро шикор карданд. (видео)

- Маросими савгандёдкунии президенти нави Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков. (видео)

- Фарбеҳтарин марди рӯйи олам ба амалиёти ҷарроҳӣ мувофиқат кард. (видео)

- "Дар асл, ин санҷиши бакорат аст": пушти ташхиси тиббии хонандагони Самарқанд чи меистад? (видеои Настоящее время)

- 8 кушта ва 15 захмӣ бар асари бомбгузории маргталабона дар Ҷалолободи Афғонистон. (видео)

- Transparency International: дар тақсими грантҳои ҳукумати Русия ба нафъи созмонҳои ватандӯст гузаштҳое шудааст. (видео аз Директ)

- Ҳамаи интиқодҳои Отамбоев: дар бораи Раҳмон, Каримов, Назарбоев ва Амрико. (видео)

- Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар Оқсарой ба ватан баргаштанд. (видео)

- Рӯзи миннатдорӣ ба ривояти арқом. Амрикоиҳо барои ғизои шоми идона чи қадар сарф мекунанд. (видео Настоящее время)

- Норасоии ангишт дар Алмато. (видео)

- Эҳтимол аст, Аҳмад Чатаевро дар Тифлис кушта бошанд. Туркия ӯро созмондиҳандаи эҳтимолии теракти фурудгоҳи Истамбул медонанд. (видеои Настоящее время)​

- Дар вилояти Алмато муҳоҷирони меҳнатиро боздошт карданд. Дар минтақаи аҳолинишини Боралдайи вилояти Алмато бештар аз 30 муҳоҷири меҳнатӣ боздошт шуд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд (видео)​

- Наздикшавии Арманистон бо Иттиҳоди Аврупо. Дар Брюссел саммити "Ҳамкориҳои шарқӣ" оғоз мешавад. (видеои Настоящее время)

- Дар Симферопол яке аз фаъолони боздоштшудаи тоторҳои Қримро раҳо карданд. (видео аз Директ)

- Ихтиёриён дар қаҳвахонаҳо ғизоҳои зиёдатиро ҷамъ карда, ба ниёзмандон тақсим мекунанд. Ин ҳаракатро худи сокинон созмон додаанд. (видео аз Қирғизистон)

- Туркманистон: тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG