Ссылки доступа

Кӯдаки 7-солаи тоҷик ба китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шуданист (видео)


Дар Душанбе мехоҳанд, зӯри бозуи навраси 7-солаи тоҷик Эмомҳусейн Умаровро дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт кунанд. Падари ӯ Раҷаб Умаров мегӯяд, фарзандаш тавони анҷоми якбораи 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание – русӣ)-ро дорад. Вай ин корро дар 6 соату 20 дақиқа ва бе танаффус анҷом медиҳад.

Раҷаб Умаров мегӯяд, зимни як ташхис ду сол пеш пизишки кӯдаконае, ки Эмомҳусейнро ҳангоми иҷрои болофишорӣ назорат мекард, гуфтааст, ин ҳунари ӯ фавқулода аст, чун бо вуҷуди соатҳои тӯлонӣ рӯйи даст истодану болофишорӣ кардан дар ҷисмаш ягон тағйирот эҳсос намешавад.

Эмомҳусейн яке аз дугоникҳои хонаводаи Умаровҳост. Аммо ӯ ҷисман аз бародараш Эмомҳасан, ки ҳамагӣ чанд дақиқа баъд ба дунё омадааст, хеле фарқ мекунад.

Чанд толори варзишии Душанбе баъд аз огоҳ шудан аз тавоноии Эмомҳусейн барои қабули ройгони ӯ изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо падари ин варзишгари хурдсол, ки ронандаи мусофирбар аст ва аз ин роҳ зиндагии хонаводаи серфарзанди худро пеш мебарад, мегӯяд, барои ҳар рӯз ба толори варзишӣ бурдану овардани писараш вақт надорад.

Падари Эмомҳусейн гуфт, намедонад чӣ гуна тавоноии писарашро ба масъулони китоби рекордҳои “Гиннес” муаррифӣ кунад. Барои ин, вай аз масъулони варзиши кишвар кумак хоста, ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардааст ва ҳоло посухро интизор аст.

Раҷаб Умаров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, субҳ ва шом худаш чанд соат бо ӯ машқ мекунад ва ягона ҳадафаш вориди китоби рекордҳои “Гиннес” кардани писараш аст. Баъд аз ин, ба гуфтаи падар, Эмомҳусейн метавонад як риштаи варзишро барои идомаи кори касбӣ интихоб кунад.

Худи варзишгари хурдсол ҳам ҳанӯз намедонад кадом намуди варзиш барояш беҳтар аст. Танҳо мехоҳад, қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷаҳон шавад.

XS
SM
MD
LG