Ссылки доступа

Мирзиёев мансабдорони бадхӯро ронданист, вале онҳо ҳанӯз ҳам сари коранд (видео) 


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанде пеш гуфт, даст бардоштани мансабдорони кишвараш ба зертобеони худ зидди сиёсати пешгирифтаи ӯ ва давлат аст. Вай ваъда дод, ки ин гуна мансабдорон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Мирзиёев 15 ноябр дар як ҷаласаи ҳукуматаш изҳор дошт, рафтори мансабдороне, ки зертобеони худро дашном медиҳанду таҳқир ва латтукӯб мекунанд, ҳамчун амали зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва президент баҳо дода мешавад.

"Панҷ панҷа баробар нест. Миёни мо мансабдороне ҳастанд, ки масъулияти худро фаромӯш кардаанд. Онҳо фикр мекунанд, ҳар чизе, ки хоҳанд, метавонанд анҷом диҳанд. Хабарҳо мерасанд, ки онҳо аз мақоми худ сӯистифода карда, зертобеонашонро дашном медиҳанд ва ҳатто таҳқиру латтукӯб ҳам мекунанд. Мо зидди ин амалҳоем. Мо бояд ин гуна зуҳуроти номатлубро аз байн барем", - афзуд ӯ.

Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамаи он мансабдорони ӯзбек, ки зертобеони худро ошкоро таҳқиру латтукӯб кардаанд, ҳанӯз ҳам дар мақомҳои худ ифои вазифа мекунанд ва ягон тани онҳо муҷозот ё барканор нашудааст.

Хабарнигори Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ бо раиси ноҳияи Сайҳуни Ӯзбекистон Носирҷон Эгамбердиев, ки моҳи сентябри соли равон як қатор мудирони мактабро таҳқиру латтукӯб карда буд, тамос гирифта, назари ӯро дар робита ба суханҳои ахири Мирзиёев пурсид.

Вале марде, ки дар лаҳзаҳои аввали тамос худро Эгамбердиев муаррифӣ кард, баъд аз шунидани суоли рӯзноманигор гуфт, "шумо рақамро нодуруст гирифтаед" ва сипас телефонро хомӯш кард.

Чиновник избивает директоров школ: громкая история из Узбекистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:06 0:00

Ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Ортиқ Султонов, қазияи Эгамбердиев баъди ба поён расидани мавсими пахтачинӣ баррасӣ хоҳад шуд.

"Мавсим ҳанӯз тамом нашудааст. Эгамбердиев феълан дар мақоми худ корро идома хоҳад дод. Раҳбари вилоят гуфтанд, ки ин қазияро баъди мавсими пахтачинӣ баррасӣ мекунанд. Дар бораи тақдири ояндаи ӯ чизе гуфта наметавонам. Инро раҳбарият медонад", - афзуд ӯ.

На 45-минутном собрании хоким Паркента использовал матерные слова 126 раз
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:18 0:00

Ҳафтаи гузашта аз ҷаласаи ситоди ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд дар рӯзи 1 ноябр низ наворе дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар ин навор шунида мешавад, чи гуна раиси ноҳия Неъматулло Абдуллоев раҳбарони маҳалла ва корхонаҳоро барои сафарбар кардани шумори ками пахтачинҳо ва ҳисоботҳои дуруғин дашном медиҳад. Вале ӯ ҳам дар мақомаш фаъолият дорад.

Хоким Андижана директорам колледжей и лицеев: «скотины», «шакалы», «ишаки»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:59 0:00

XS
SM
MD
LG