Яке аз ҳадафҳои асосии "Шарикии шарқӣ" - густариши субот ва демократия дар марзи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои ИДМ, инчунин ҳамгироии иқтисодӣ аст.
Дар саммит рӯзи ҷумъа сарвазири Бритониё Тереза Мэй суханронӣ мекунад. Яке аз нуктаҳои муҳими суханронии вай таҳдидҳои ҷониби Русия хоҳад буд. Тавре хадамоти матбуотии сарвазири Бритониё хабар медиҳад, Мэй аз кишварҳои пешини шӯравӣ даъват мекунад, ки "барои мубориза бо нооромиҳое, ки аз сӯи Москва роҳандозӣ мешаванд, сипари ягона" ташкил кунанд. Интизор меравад, Бритониё барои мубориза бо хабарҳои дурӯғ дар кишварҳои "Шарикии шарқӣ" наздики 100 миллион фунт ҷудо кунад.
"Шарикии шарқӣ" соли 2009 бо ташаббуси Иттиҳоди Аврупо ташкил шуд. Се кишвари ин барнома - Украина, Гурҷистон ва Молдова аллакай созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро имзо кардаанд. Ин созишнома таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратиро мадди назар дорад, ба ҷуз ин шаҳрвандони кишварҳои мазкур метавонанд ба минтақаи Шенген бидуни виза равуо кунанд. Русия борҳо изҳор дошт, ки "Шарикии Аврупо" ба иқтисодаш хатар дорад. Брюссел ин таҳдидҳоро рад мекунад.