Ссылки доступа

Додгоҳ ҷарроҳи маъруфро бо айби робита доштан бо "Салафия" 5,5 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 24 ноябр духтури ҷарроҳи қалб - Абдумалик Саломов ва ду шарики ӯро барои иртибот бо созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳгор донист ва ӯро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард.

Саломов ва шариконаш аз рӯи моддаи 307 (иловаи 3, қисми 2 )-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор эълон шуда, мӯҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин пушти сар хоҳанд кард. Барои шикоят аз қарори додгоҳ маҳкумшудаҳо 10 рӯз фурсат доранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамсар ва пайвандони Абдумалик Саломов ӯро пеш аз ҳама як падари хонавода, ҷарроҳи қалб ва як намозхони оддӣ мешиносанд. Онҳо мегӯянд, тақрибан тамоми вақти ӯ сарфи кору фаъолияти табибӣ буд ва баъзе намозҳои худро рӯзҳои фориғ аз кор дар масҷиди маҳалла мегузорид. Ва баъзе рӯзҳои истироҳат дар маҳфили “оши палав”- и ҳамсинфонаш иштирок мекард.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дигарҳо муборизаи шадид эълон кардааст, садҳо нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG