Ссылки доступа

Саидиброҳими Назар баъди 2 сол аз Теҳрон ба Душанбе баргашт


Наздикони Саидиброҳими Назар, яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва мушовири пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), мегӯянд, ӯ чаҳор руз пеш аз Теҳрон ба Душанбе баргашта, ба зиндагии маъмулиаш идома медиҳад.

Мушовири пешини раиси ҲНИТ аввали моҳи августи соли 2015 ба Эрон паноҳ бурда буд.

Ҳамсари Назар 28 ноябр гуфт, тайи чаҳор рӯзи гузашта ҳеч фишор ё таъқибе нисбат ба шавҳараш сурат нагирифтааст. Ҳамсуҳбати мо дар бораи он ки Саидиброҳими Назар бо чӣ шарту шароите ба Тоҷикистон омадааст, чизе нагуфт. Танҳо таъкид кард, ки "ӯ субҳ ба куҷое рафт ва дертар метавонад қазияи бозгашташро шарҳ диҳад".

Хабари аз Эрон ба Душанбе баргаштани мушовири пешини Муҳиддин Кабириро шаби гузашта Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи ҳукумат дар Фейсбук нашр кард ва ин қазияро шикасти раҳбарияти ҲНИТ номид. Ӯ навишт, “Саидиброҳим як мӯҳраи калидӣ ва аз сардафтарони ҳизб ба шумор мерафт. Интизор меравад, ки ба ӯ бисёре аз наҳзатиҳои норозӣ мепайванданд”.

Аммо то ба ҳол на худи Саидиброҳими Назар, на мақомот ва на раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ қазияи бозгашти ӯро шарҳ надодаанд. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳори соли 2015 Саидиброҳими Назарро бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣ ҷарима карда буд.

XS
SM
MD
LG