Ссылки доступа

Туркманобод ба пешвози Бердимуҳаммадов дар "сатҳи олӣ" омодагӣ мебинад


Мақомоти шаҳри Туркманобод, маркази вилояти Лебапи Туркманистон ба сафари президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин минтақа омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои Бахши туркмании Радиои Озодӣ, қарор аст, президенти Туркманистон 28 ноябр сафари кориеро ба шаҳри Туркманобод анҷом диҳад.

"Раҳбарон ва созмондиҳандагони маросими вохӯрӣ бо президент огаҳ карданд, ки омодагиҳо бояд дар сатҳи олӣ бошанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир, дар тамоми шаҳр, аз ҷумла мактаб ва кӯчаҳои марказие, ки интизор меравад, президент аз онҳо боздид кунад, ҳашарҳои умумӣ аз қабили поккориҳо ва ранг кардани биноҳо идома доранд.

"Се пули болои рӯдхонае, ки аз назди бозори панҷум мегузарад, таъмир шуд. Якеашро пурра бозсозӣ карданд, ки бисёр олӣ менамояд", - изҳор дошт яке аз сокинон.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар робита ба идома доштани корҳои ободонӣ кӯчаи марказии шаҳр баста ва масири нақлиёти ҷамъиятӣ тағйир дода шудааст.

XS
SM
MD
LG