Ссылки доступа

Баррасии расонаҳо: Оё Осиёи Марказӣ ба субот расидааст?


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Синой баъди ҳамла

Суфиёни Миср сарфи назар аз ҳамла ба масҷиди нимҷазираи Синой, таҷлили мавлуди пайғамбар Муҳаммадро идома медиҳанд. Дар ин ҳамла 350 одам кушта шуд, менависад The Guardian. Абдул Ҳодӣ ал-Қасабӣ, раиси Шӯрои олии Миср дар умури суфиҳо ба нашрия хабар дод, ки таҷлили мавлуд дар дохили масҷидҳо, аз ҷумла масҷиди Ҳусайн дар маркази Қоҳира, баргузор мешавад. Ба гуфтаи вай, манъи таҷлилҳои кӯчагӣ, ба вижа роҳпаймоии суфиҳо, танҳо ба азодории суфиҳои кушташуда рабт дорад.

Дар ҳамин ҳол, ки ҳеч гуруҳе масъулияти ҳамлаи охирро ба дӯш нагирифтааст​, дар бархе аз нуқтаҳои нимҷазира тоблуҳои гуруҳи Вилоят ал-Синой пайдо шудааст. Ин гуруҳ соли 2014 бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" байъат карда буд, хабар медиҳад нашрияи Ассошиэйтед Пресс. Мубаллиғони гуруҳи мазкур аз роҳбарони деҳоти нимҷазира талаб доранд, ки ҳамкориро бо нерӯҳои амниятии кишвар қатъ кунанд. Онҳо ҳамчунин таҷлили маросимҳои бахшида ба мавлуди Пайғамбарро манъ мекунанд.

Ҳамла ба масҷиди суфиҳо далели он аст, ки Миср ба Афғонистони дигар табдил мешавад. Кишваре, ки дар он ҷанг як падидаи маъмулист, менависад нашрияи исроилии Haaretz.

Меҳвари кажи бадӣ?

Сурия ва Куриёи Шимолӣ, ки ИМА онҳоро сармоягузорони терроризм медонад, дар ҳоле ба рушди ҳамкориҳо омода мешаванд, ки меҳвар ё оси байналхалқии мухолифат ба Вашингтон ва ҳампаймононаш нуфузи бештар касб мекунад, менависад нашрияи Newsweek.

Нашрия дар бораи мулоқоти сафири Куриёи Шимолӣ дар Димишқ Сзан Мюн Хо бо вазири меҳнат ва масоили иҷтимоии Сурия Римой Ал-Қодирӣ хабар медиҳад. Мансабдори сурӣ гуфт, ки кишвари вай пуштибонии Пхенянро аз Сурия қадр мекунад ва ба таҷрибаву пешниҳодҳои коршиносони ҷониби Куриё дар барқарории баъдиҷангии кишвар умед мебандад.

Newsweek менависад, баъди табаддулоти низомӣ аз сӯи Ҳофиз Асад Куриёи Шимолӣ сарбозонашро барои кумаки Сурияву Миср дар мубориза зидди Исроил фиристода буд. Замоне, ки Башор Асад дар соли 2000-ум сари қудрат омад, бино ба бархе иттилоъ, маҳз Куриёи Шимолӣ барои сохтани реакторҳои ҳастаӣ ба вай кумак кардааст. Ин реакторҳо дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар соли 2007 нобуд шуданд.

Оё Осиёи Марказӣ ба субот расидааст?

Маркази таҳлилии Stratfor менависад, дар Қирғизистон, ки бесуботтарин кишвари минтақа дониста мешуд, қудрат бо роҳи осоишта интиқол ёфт, аммо омилҳои дигар, аз ҷумла иқтисоди заъиф, баҳсҳои обу марзу газ бо Ӯзбекистону Тоҷикистон, хатари ҷиҳодиён ва тақвияти рақобат миёни Русияву Чин барои таъсиргузор будан дар ин кишвар, таҳдид ба ҳисоб мераванд.

Дар Ӯзбекистон суръат ва талошҳои зиёди президент Мирзиёев барои ислоҳот ба ҷудоӣ дар охили ҳукумат боис шуд ва қудрати ҳанӯз ба гунаи комил шаклнагирифтаи Мирзиёев ҳамроҳ бо афзоиши босуръати шумори аҳолӣ, инчунин тамоюл ба тундгароӣ метавонад ин кишварро ба самти ноустувории сиёсӣ савқ диҳад.

Бидуни вориси муайян ва сазоворе, ки тавонад Назарбоевро иваз кунад, Қазоқистон мумкин аст, дар оянда ба интиқоли ноосоиштаи қудрат рӯ ба рӯ шавад. Ва ҳатто агар интиқоли қудрат ба таври осоишта сурат бигирад, иқтисоди Қазоқистон мисли пешина ба калавиши нархи маводи эенержии ҷаҳон рӯбарӯ мешавад ва ҷиҳодиён ҳамчун хатари доимӣ боқӣ хоҳанд монд.

Сарфи назар аз талошҳои президенти Туркманистон Бердимуҳаммадов ва набуди рақиби ӯ дар талоши курсии президентӣ, ба ҳар сурат вай дар пайи бадшавии вазъи иқтисодаш бо фишори рӯзафзун рӯбарӯст.

Ҳарчанд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои интиқоли қудрат ба ҳеч мушкили мустақим мувоҷеҳ нест, аммо ҳукмронии яксону тӯлонии вай метавонад ноустувориро дар оянда ба бор орад. Омили умумии ноустуворӣ дар минтақа фишори афзояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва густариши рақобати бозигарони асосии он – Русия ва Чин дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG