Тиллерсон гуфт, Ғарб талош дорад, бо Русия муносибатҳои созандаеро ба роҳ монад, вале ба гуфтаи ӯ, ин гуна муносибатҳо ҳанӯз "хаёлӣ" менамоянд. Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, то низои Украина ҳал нашавад, муносибатҳои Вашингтону Москваро наметавон муътадил гардонд.
Котиби давлатии ИМА афзуд, ки дар баъзе аз бахшҳо -- мубориза бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва ҳалли буҳрони Афғонистон имкони рушди ҳамкориҳои кишвараш бо Русия вуҷуд дорад.