Ссылки доступа

Президенти нави Қирғизистон аввалин сафари хориҷиашро ба Русия анҷом медиҳад


Нахустин сафари хориҷиашро Сооронбой Ҷээнбеков ба ҳайси президенти нави Қирғизистон ба Русия анҷом медиҳад. Вай бо даъвати ҷониби Русия ба ин кишвар меравад. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар доданд.

Сафари Ҷээнбеков ба Русия имрӯз дар назар аст. Вай дар ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва сарвазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот хоҳад кард.

Ойзода Субакожоева, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, Ҷээнбеков 30 ноябр бо сафари корӣ ба шаҳри Мински Белорус меравад ва дар саммити роҳбарони давлатҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат мекунад.

"Дар доираи саммит ҳамкориҳои 15-сола таҳлил мешаванд, инчунин масоили марбут ба терроризм ва тундгароӣ баррасӣ ва ҳамзамон эъломия имзо мешавад", - гуфт Субакожоева.

Ба гуфтаи вай, мулоқоти дуҷонибаи президентҳои Қирғизистону Қазоқистон дар доираи СПАД дар назар нест.

XS
SM
MD
LG