Ссылки доступа

Дар Душанбе низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ мешавад


То охири соли равон дар мусофиркашҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла дар автобусу троллейбусҳо низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ хоҳад шуд.

Низоми нав тамоми мусофиронро вазифадор мекунад, ки кортҳои плостикӣ харида, ба ҳисоби он маблағ гузаронанд. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд, аз ронанда, назоратчӣ ва терминалҳои махсусе дастрас кунанд, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд.

Дар нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд. Мусофир ҳангоми вуруд ба нақлиёт онро болои таҷҳизоти қабул – валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ дар табло калимаи "Раҳмат" ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи "Қабул нашуд" пайдо мешавад.

Дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, дар назар аст, ки кортҳо дар се намуд: имтиёздор, хидматӣ ва муқаррарӣ бароварда шаванд. Аз ҷумла, нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд соҳиби кортҳои дорои имтиёз хоҳанд шуд.

Феълан мақомот дар бораи арзиши роҳкиро ё эҳтимоли тағйир ёфтани нархи истифодаи мусофирбарҳо чизе намегӯянд.

XS
SM
MD
LG