Ссылки доступа

Даъвати муфтии собиқ ҷомеаи қирғизро ба ҷунбиш овард (видео)


Ҳоҷӣ Чубак Ҷалилов, узви Шӯрои уламо ва муфтии пешини Қирғизистон бо нашри як изҳороти видеоӣ аз зани дувум доштани худ хабар дода, ба дигарон низ тавсия кардааст, ки амали ӯро пайравӣ кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ тасмим доранд, аз болои ин изҳороти муфтии пешини Қирғизистон ба додситони шикоят баранд. Онҳо мегӯянд, мақомот ба амали Ҷалилов, ки нақзи ошкорои қонунгузории кишвар аст, бояд баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Бар пояи қонунҳои Қирғизистон, чандҳамсарӣ ҷиноят аст ва барои содир кардани ин навъи ҷиноят то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст. Ҷалилов дар навор ошкоро иқрор мекунад, ки зани дувум гирифтааст. Ба ҷуз ин, ӯ ба мардони дигар низ тавсия додааст, ки агар имкону шароит доранд, аз амали вай пайравӣ кунанд.

"Бори дигар оиладор шудам. Бо ҳамсари якумам ҷудо нашудем. Албатта, ӯ қаҳр кардааст, вале ҳама чиз хуб хоҳад шуд. Бо зане хонадор шудам, ки то ин дам дар Туркия кор мекард, кӯдакбонӣ мекард. Барои ҳамин, занонро ба Туркия ва Чин нафиристед. Ба онҳо ғамхорӣ кунед. Намехостам, зан бигирам, аммо ба натиҷае расидам, ки агар ин корро ман сар накунам, кӣ сар мекунад? Агар имкон доред, зан гиред", - афзудааст ӯ.

Даъвати Ҷалилов ба чандҳамсарӣ баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Пештар муфтии пешини Қирғизистон гуфта буд, ки шариати Ислом гирифтани зани дувумро иҷоза додааст, аммо ӯ онро ҷонибдорӣ намекунад.

Маркази ҳуқуқии “Килим шамӣ” ният дорад, аз болои Ҷалилов барои ин изҳороташ ба Додситонии шаҳри Бишкек шикоят барад. Азиза Абдурасулова, раиси марказ 28 ноябр гуфт, ки бояд ҳарчӣ зудтар ба ин амали муфтии пешин баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

“Ҷалилов эътироф мекунад, ки қонунро поймол кардааст. Мегӯяд, ки зани дувум гирифт ва зани аввалаш қаҳр кард. Ӯ дар ин бора рӯшод ба ҷомеа мегӯяд. Ҳар яке аз мо бояд қонунро риоя ва эҳтиром кунем. Агар мо аз нақзи қонун хабардор шавем, аммо чизе нагӯем, пас, ҷиноятро пинҳон кардаем. Ӯ аз мардони дигар даъват мекунад, ки аз амалаш пайравӣ намоянд. Ин даъвати бисёр хатарнок аст”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG