Лоиҳаи қонун ҳам барои расонаҳои берунӣ ва ҳам барои шахсони ҳуқуқии Русия, ки сарпарасти расонаҳои берунӣ ҳастанд, ҷарима пешбинӣ мекунад.
Бар асоси лоиҳа, дафъаи аввали вайрон кардани қонуни расонаҳо -"агентҳои хориҷӣ" барои шахсони воқеӣ то 10 ҳазор рубл ва барои шахсони ҳуқуқӣ то 500 ҳазор рубл ҷарима таъйин шудааст. Ва ба ин тартиб, ҳар дафъаи такрории вайрон кардани қонун ҷарима боло меравад.
Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 ба иҷро дарояд.
Ҳафтаи гузашта дар Русия қонуне қабул шуд, ки ба мақомоти Русия иҷозат медиҳад, расонаҳои берунӣ ё аз хориҷ сармоягузоришавандаро "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд. Чунин расонаҳо бояд дар бораи фаъолияташон ба вазорати адлияи Русия гузориш диҳанд.
Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ ин қонунро танқид карданд.