Ссылки доступа

Путину Ҷеенбеков сафари нахустинро ба Русия "рамзӣ" номиданд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, анҷом шудани нахустин сафари хориҷии ӯ ҳамчун президент ба Русия "хеле рамзӣ" аст.

"Ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Ман бояд якум инҷо бошам гуфтан, маънои онро дорад, ки мо ҷиддан мехоҳем, ҳамкорӣ, ҳампаймонӣ ва шарикии стратегиамон тақвият ёбад. Барои таваҷҷуҳи шахсиятон ба рушди муносибатҳои Қирғизистону Русия миннатдорӣ баён мекунам", - изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Ҷеенбеков.

Президенти Қирғизистон афзуд, ки тамоми талошашро мекунад, то шарикии стратегии ду кишвар тақвият ёбад.

Путин дар навбати худ Ҷеенбековро барои пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт.

"Шумо як кадри ботаҷриба ҳастед. Ҳукуматро раҳбарӣ кардаед. Дар рафти ҳамкориҳои ду кишвар иштирок доштед. Бо иштироки шумо Қирғизистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд. Ҳоло табодули мол низ миёни кишварҳои мо то 32% боло рафтааст. Содироти маҳсулоти ғизоии Қирғизистон ба Русия низ ду баробар зиёд шудааст, ки ин нишондоди хеле хуб аст. Фардо мо дар Минск масъалаи амниятро ҳам баррасӣ хоҳем кард. Аз ин ки сафари нахустини худро ба Русия анҷом додед, хушҳолам", - афзуд Путин.

Сооронбой Ҷеенбеков 29 ноябр сафари нахустини хориҷии худро ҳамчун президент ба Русия анҷом дод.

XS
SM
MD
LG