Ссылки доступа

Сафари кории Бердимуҳаммадов чанд мансабдорро аз курсӣ маҳрум кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Марӣ як қатор мансабдоронро барканор кардааст.

Бино ба хабарҳо, ин барканориҳо 28 ноябр дар ҷараёни ҷаласаи сайёри ҳукумати Туркманистон баъди шунидани ҳисоботи раҳбарони маҳаллӣ дар бораи "нишондодҳои баланди рушди кишвар" сурат гирифтаанд.

Сафари кории Бердимуҳаммадов ба вилояти Марӣ баъди боздиди ӯ аз вилояти Лебап анҷом шуд. Дар Лебап низ президенти Туркманистон бархе аз мансабдорони маҳаллиро аз мақомҳояшон барканор кард.

"Бо вуҷуди он ки давлат тамоми шароитро фароҳам овардааст, соли равон дар вилояти Марӣ нақшаи ҷамъоварии гандум иҷро нашудааст. Дар се ноҳияи вилоят низ то ҳол нақшаи захира кардани пахтаро иҷро накардаанд", - иқтибос овардаанд расонаҳои расмӣ аз суханони президенти Туркманистон.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, ҳамчунин сокинони вилоят пура бо оби тоза таъмин нашудаанд ва дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии ҷудошуда хати нирӯи барқ ва лӯлаи газро накашидаанд. Бунёди пулҳо низ дар ноҳияҳо ва хоҷагиҳои маҳаллӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Президент ҳамчунин вазъи роҳҳои дохилиро ғайриқаноатбахш номидааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии ТДХ, Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки ба камбудиҳои ҷойдошта раҳбарони вазоратхона ва идораҳои дахлдори давлатӣ бевосита ҷавобгаранд. Ӯ раиси вилояти Марӣ Б. Аннақурбонов ва раиси ноҳияи Сакарчаг М. Ғуломовро барканор кардааст.

XS
SM
MD
LG