Ссылки доступа

Пажуҳиш: беш аз 40 дарсади ҷавонон мехоҳанд, Қазоқистонро тарк кунанд


Як маркази пажуҳишӣ дар Қазоқистон мегӯяд, 40,4 дарсади ҷавонони Қазоқистон мехоҳанд, ба кишварҳои дигар бираванд.

Маркази илмӣ-пажуҳишии "Ҷавонон", ки ахиран таҳқиқ анҷом додааст, мегӯяд, бештар аз 59 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд: "Ман намехоҳам тағйири ҷои зист кунам/Ман намехоҳам аз Қазоқистон биравам".

Ба иттилои маркази "Ҷавонон", ин пажуҳиш бо дархости вазорати маориф ва илми Қазоқистон миёни ҷавонони аз 14 то 29-сола анҷом шудааст.

Фарида Мустаева, таҳлилгари маркази мазкур гуфт, шумори ҷавонон ба таври чашмгир кам мешавад ва дар ҳоли ҳозир шумори онҳо 3 миллиону 994 ҳазору 464 нафарро ташкил медиҳад.

Дар рафти муаррифии пажуҳиш мафҳуми "мутаассифона" зиёд такрор мешуд. Соли 2017 дар Қазоқистон 339 ҳолати худкушӣ миёни ҷавонон сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, 56 дарсади ҷавонҳои тоҷик низ гуфтаанд, ки мехостанд дар мактабҳои хориҷӣ таҳсил кунанд ва аз ин назар барои онҳо мактабҳои олии Русия (42 %), Амрико (16 %), Чин (8 %) ва Иттиҳодияи Аврупо (7,7 %) ҷалби таваҷҷӯҳ мекардаанд.

XS
SM
MD
LG