Ссылки доступа

Яке аз хиёбонҳои марказии Алматоро ба номи Назарбоев гузоштанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон номи кӯчаи Фурмановро ба хиёбони Нурсултон Назарбоев иваз карданд. Тасмими гузоштани ин кӯча ба номи президенти Қазоқистон 30 ноябр дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ “бо назардошти пешниҳоди теъдоди зиёди сокинон” як рӯз пеш, аз Рӯзи президенти нахустин гирифта шудааст.

Шаҳрдори Алмато Бауирҷон Бойбек дар ҷаласа гуфт, баъди пешниҳоди тағйири номи даҳҳо кӯчаву хиёбони шаҳр як қатор намояндагони зиёиён, сокинон ва ҷавонон ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, хостанд, ки яке аз кӯчаҳои марказӣ – кӯчаи Фурманов ба номи “асосгузори Қазоқистони мустақил” гузошта шавад.

Ахиран порлумони Қазоқистон фурудгоҳи шаҳри Остонаро ба номи президент Нурсултон Назарбоеви 77-сола гузошт, ки се даҳсола мешавад, бидуни танаффус ин кишвари дорои 18 миллион аҳолиро раҳбарӣ мекунад. Пештар аз ин, дар Қазоқистон чанд пайкараи Назарбоев низ насб шуда, акси ӯро дар асъори миллӣ низ нашр карданд.

Агар тасмими ивази номи кӯчаи Фурманов ба хиёбони Назарбоев ба иҷро дарояд, пас он нахустин хиёбони Қазоқистон хоҳад буд, ки номи президентро мегирад.

Номи Назарбоев дар кӯчаву хиёбони кишварҳои дигар низ гузошта шудааст. Соли 2015 дар шаҳрҳои Адани Туркия ва Қазони Тотористон низ кӯчаҳоеро ба номи Назарбоев гузоштанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Урдун ва Чеченистон ҳам 10 сол пеш хиёбонҳое номи Назарбоевро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG