Ссылки доступа

Баррасии расонаҳо: Мушакборони сабр. Керрӣ асрорро фош мекунад. Ҳамлаи садоӣ дар Ӯзбекистон?


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Куриёи Шимолӣ. Озмоиши сабру мушак

Озмоиши ахири мушакҳои болдор пешрафти барномаи ҳастаии Куриёи Шимолиро нишон медиҳад, менависад The Wall Street Journal. Аммо, ба навиштаи нашрия, партоби мушаки болдор, ба эҳтимоли зиёд, ба хотири он анҷом шуд, ки ИМА аз хати қирмиз убур накунад ва бо Куриёи Шимолӣ вориди ҷанг нашавад. ИМА ба ин “афсона” посух гуфт.

“Мо ҳаргиз талош накардем, ки бо Куриёи Шимолӣ вориди ҷанг шавем. Аммо агар ҷанг сар занад, шумо метавонед шубҳа надошта бошед, ки режими Куриёи Шимолӣ комилан несту нобуд хоҳад шуд”, - гуфт намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ. Дар ин бора нашрияи Associated Press менависад. Вай аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки бо Куриёи Шимолӣ ҳама гуна муносибатро қатъ кунанд. Вай ҳамзамон хост, Куриёи Шимолӣ дар СММ аз ҳаққи раъй маҳрум шавад.

Зарба задан ба Эрон?

Котиби давлатии пешини ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, Исроил, Арабистони Саудӣ ва Миср – се ҳампаймони асосии Вашингтон дар Ховари Миёна – ба президенти пешини Амрико Барак Обама фишор овардаанд, ки вай “Эронро бомбаборон кунад”. Ин ҳодиса то имзои созишномаи маъруфи ҳастаӣ дар моҳи июли соли 2015 рух дод, гуфт Ҷон Керрӣ дар як ҳамоиш дар Вашингтон. Дар ин бора Newsweek хабар медиҳад.

Роҳбарони ду кишвари суннимазҳаби минтақа ва Исроил, ки Эрон инҳоро душманони сарсахти худ медонад, пойфишорӣ кардаанд, ки ИМА зидди ҷумҳурии исломӣ биҷангад. “Ҳар кадоме аз онҳо ба ман гуфтанд, Шумо бояд Эронро бомбаборон кунед, ин – ягона чизест, ки онҳо мефаҳманд”, - иқтибос меорад нашрия аз қавли котиби пешини ИМА. Дар ҳамин ҳол, ин кишварҳо дар мазҳари ом ИМА-ро барои ҷанги эҳтимолиаш бо Эрон танқид мекарданд, гуфт Ҷон Керрӣ.

Аммо Майкл Орен, сафири пешини Исроил дар ИМА дар мусоҳиба бо нашрияи The Jerusalem Post аз гуфтаҳои Ҷон Керрӣ интиқод кард. Орен мегӯяд, “дар Исроил дарк мекарданд, ки ИМА ду интихоб дошт – безарар кардани таҳдиди ҳастаии Эрон бо роҳи низомӣ ё дипломатӣ”.

Ҷорӯби нав дар Афғонистон

Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон гуфт, тасмими ҳукумати Доналд Трамп дар мавриди афзудани шумори сарбозонаш дар Афғонистон хеле ба маврид аст, ки метавонад нирӯҳои Кобулро “ба пирӯзӣ расонад”. Генерал бовар дорад, ки ду соли оянда низомиёни Амрико ҷангҷӯёни “Толибон”-ро маҷбур мекунанд, ки тарки мавзеъ кунанд ё дар ғайри сурат, кушта хоҳанд шуд, менависад Chicago Tribune. “Мо то замони иҷрои рисолат ин ҷо мемонем”, -гуфт вай.

Генерал Николсон давоми даҳ соли охир ҳаштумин фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва НАТО аст, ки пирӯзӣ дар ҷанги тақрибан як асраро пешгӯӣ мекунад. Пешгӯиҳои вай низ мисли фармондеҳони пешин бо воқеияти Афғонистон созгор нестанд, меневисад нашрия. Дар ҳоли ҳозир наздики 14 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дорад. Дар ибтидои маъракаи низомии ИМА дар ин кишвар 100 ҳазор сарбози амрикоӣ фиристода шуда буд, аммо “Толибон” шикаст нахӯрданд, менависад Chicago Tribune.

Ҳамлаи акустикӣ дар Ӯзбекистон?

Департаменти давлатии ИМА хабари мавриди ҳамлаи акустикӣ ё садоӣ қарор гирифтани сафорати Амрикоро дар Ӯзбекистон рад кард, менависад The Hill. Пештар аз ин як корманди сафорати Амрико дар Тошканд гуфт, ибтидои тирамоҳ вай ва ҳамсараш дар сафорат ба ҳамлаи акустикӣ мувоҷеҳ шудаанд. Бори аввал чунин ҳодиса соли 2016 дар Куба рух дод – дипломатҳои амрикоӣ аз садои баланд дар манзил ва коргоҳашон, ки хоб ва ношунавоӣ ба бор меовард, шикоят карданд.

Ин дар ҳолест, ки CBS News бо такя ба манбаъҳояш хабар медиҳад, дар ҳодисаи охир дар сафорати ИМА дар шаҳри Тошканд мумкин аст, мақомоти махсуси Русия даст дошта бошанд. New York Post низ менависад, Куба ва Ӯзбекистон бо Русия муносибати хуб доранд, аз ин рӯ эҳтимол дорад Москва дар ин ҳамлаҳо даст дошта бошад.

XS
SM
MD
LG