Ссылки доступа

Робия бо чаҳор фарзандаш сарпаноҳ ёфт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Роҳбарони Қирғизистону Қазоқистон билохира мулоқот карданд. Натиҷаи мулоқот - марзи ду кишвар то охири моҳи декабр, ё эҳтимол барвақттар кушода мешавад (видеои Настоящее время)

- Ҳасиби заҳролуд барои сагҳои хиёбонӣ дар Хоруғ? Дар ин шабу рӯз дар Хоруғ сагҳои дайдуи зиёдро дидан мумкин аст, ки дар ҳолати ҷонканӣ ва хашму девонагии пеш аз марг қарор доранд. Бархе аз сокинон мегӯянд, ба хотири тоза кардани шаҳр аз сагҳои бесоҳиб, ба ин ҷонварон ҳасиби заҳролуд дода мешавад. Саг дар муддати чандин соат ва бо азият ҷон медиҳад (видео)

- Номи муттаҳам дар қатли Марҷонаи бистсола эълон шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 29-уми ноябр номи муттаҳам дар қатли Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро эълон кард (видео)

- Робия бо чаҳор фарзандаш сарпаноҳ ёфт. Баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сангини Робия Муродова, модари чаҳор фарзанд, дар як хобгоҳи шаҳри Душанбе марди хайрхоҳе ба онҳо дасти ёрӣ дароз кард. Ин шахс хонаводаи Робияро аз манзили иҷора дар Душанбе ба шимоли кишвар - шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) ба хонаи ройгону беминнат кӯч дод ва барояшон зиндагии роҳат фароҳам кард (видео)

- Беҳтарин тарҳҳои тиҷоратӣ дар Душанбе муайян шуд. Масрур Ақдодов аз шаҳри Хоруғ акнун имкон пайдо кард, ки тарҳи тиҷоратиашро амалӣ кунад. Лоиҳаи ӯ дар озмуни беҳтарин “бизнес-план” дар шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми ноябр мақоми аввалро гирифт (видео)

- Ҷеенбеков дар ҷаласаи СПАД ширкат мекунад (нигористон)

- Дар Алмато кӯчаи Фурмановро ба Назарбоев табдили ном карданд (видео)

- Таҳпӯш. Фаъолон тавассути сафорати Қазоқистон ба Боқиев чӣ фиристоданд. Аъзои иттиҳоди иҷтимоии "Айкол Ала-Тоо" барои президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ду қуттӣ таҳпӯш фиристоданд​ (видео аз Директ)

- 70% олудагии ҳаво аз мошинҳо хориҷ мешавад. Дар Бишкек афзоиши шумори мошинҳо ба олудашавии ҳавои шаҳр боис шудааст (видео)

- Додгоҳи конститутсионии Гурҷистон эътироф кард, ки кашидани бангдона - ҷиноят нест (видеои Настоящее время)

- Сафорати ИМА аз Русия хост, қонуни навро барои ташдиди маҳдудияти расонаҳо истифода набарад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG