Ссылки доступа

Президенти Афғонистон бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад


Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ 4 декабр дар доираи як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон хоҳад рафт. Дар ин бора дар маросими пешвози нахустин ҳавопаймои масири Кобул-Тошканд дар фурудгоҳи ба номи Ислом Каримов хабар дода шуд.

Пештар вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ дар як ҳамоиш хабар дода буд, ки президенти Афғонистон аз Тошканд боздид хоҳад кард.

Ҷонибҳо тасмим доранд, ҳамкориҳои иқтисодӣ, имкони иштироки Ӯзбекистон дар иҷрои тарҳҳои муштараки Кобулу Тошканд, аз ҷумла дар бахши ҳамлу нақлро баррасӣ кунанд.

"Албатта, тавре пештар ҳам қайд шуда буд, Ӯзбекистон ҷонибдори ҳалли сиёсии вазъи Афғонистон аст. Мо дар ин бобат низ табодули афкор намуда, ҳамдигарфаҳмии худро дар майдони сиёсат тақвият хоҳем дод", - қайд карда буд Комилов.

"Бо вуҷуди вазъи феълии Афғонистон, мо рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва башардӯстонаи худро идома хоҳем дод. Афғонистон ҳамсояи мосту бо он марзи муштарак дорем. Бино ба баъзе аз маълумотҳо, дар ин кишвар чанд миллион ӯзбек ҳам зиндагӣ доранд. Мо бо ҳам робитаҳои деринаи таърихиву фарҳангӣ дорем ва бояд муносибатҳои бародаронаи худро тақвият бахшем", - афзуд вазири умури хориҷии Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG