Ссылки доступа

Як тоҷир пойи Эрдуғонро ба баҳси фасодкории Эрон кашид


Ризо Зарроб, тоҷири турку эронитабор, ки ба хариду фурӯши тило машғул аст, дар додгоҳи Амрико гуфт, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон шахсан дар пулшӯии наздики 1 миллиард доллар ширикат кардааст. Ин пулшӯӣ ба хотири давр задани Эрон аз таҳримҳои ИМА роҳандозӣ шудааст.

Ризо Зарроб дар ин бора 30 ноябр баёнот дод. Вай ҳамчун шоҳиди ыониби ҳукумати ИМА дар рӯзи севуми баҳси додгоҳӣ нисбати мудири иҷроияи ширкати туркии "Халқбонк" Маҳмад Хоқон Атиллӣ дар Ню-Йорк суханронӣ кард.

Атиллӣ дастур гирифта буд, ки даромадҳои Эронро аз ҳисоби фурӯши нафту газ тавассути низоми бонкии ИМА бо давр задани таҳримҳо, ҷамъоварӣ кунад. Атиллӣ ин айбҳоро рад мекунад.

Зарроб 2 октябр дар қаллобии бонкӣ, пулшӯӣ ва дигар ҷиноятҳо худро гунаҳкор эътироф кард. Вай ҳамчунин гуфт, бо мақомоти ИМА дар пажуҳиши парванда ҳамкорӣ мекунад.

Пештар аз ин Зарроб дар додгоҳ гуфт, вазири пешини иқтисоди Туркия Маҳмад Зафар Каглаян дар соли 2012 дар ивази 50 дарсади даромад ӯро дар як вазифаи масъул дар "Халқбонк"-и давлатӣ таъйин кард.

Эрдуғон низ ҳамаи айбҳоро рад мекунад. "Мо дуруст амал кардем, сарфи назар аз он ки додгоҳ чӣ ҳукм содир мекунад. Мо таҳримҳоро сарфи назар накардаем", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG