Ссылки доступа

Чаҳорумин зиндонии фирорӣ дар Қирғизистон боздошт шуд


Мақомоти интизомии Қирғизистон чаҳорумин - охирин - зиндонии фирориро дастгир карданд, ки аз боздоштгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй фирор карда буданд.

Фирорӣ шаби 30 ноябр ба 1 декабр дар наздикии деҳаи Спартаки вилояти Чуй боздошт шуд.

Ёдрас мешавем, чаҳор зиндонӣ 27 ноябри соли ҷорӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор карданд. Рӯзи дигар - 28 ноябр ду фирории аввал дубора боздошт шуданд, як рӯз баъдаш - 29 нояб нафари севум ва шаби 1 декабр фирории чаҳорум боздошт шуд. Ҳар чаҳор фирорӣ дар ҷиноятҳое амсоли "Муноқиша" ва "Куштор" айбдор мешаванд.

Дар пайи фирори зиндониён бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" ва "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду корманди пулис низ боздошт шуд. Ҳамчунин тақрибан тамоми роҳбарони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сокулук иваз шуданд.

XS
SM
MD
LG