Ссылки доступа

Дар Қазоқистон рӯзноманигоронро ба баҳси "манъи бастани рӯймол дар мактаб" роҳ надоданд


Шоми 30 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Есили шаҳри Остона баррасии шикояти даҳҳо волидони хонандагон аз вилоятҳои Оқтеппа ва Қазоқистони Ғарбӣ идома кард. Волидон аз манъи бастани рӯймол дар мактабҳо ба додгоҳ шикоят бурданд.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки ягона намояндаи расонаҳо буд, пулис дар лифт ӯро ба муҳосира гирифт ва ба ин тартиб нагузошт, дар баҳси додгоҳӣ ширкат кунад. Яке аз кормандони пулис бо ҷусааш дари лифтро банд кард, то хабарнигор натавонад ба ошёнаи чаҳорум барояд. Пулис пештар аз ин гуфт, дар ҷузвдони хабарнигор корд ҷой дошт ва ба ин хотир нагузоштанд вай дар додгоҳ ширкат кунад. Аммо баъдтар пулис гуфт, бояд ҳузури хабарнигор бо судя мувофиқа шавад.

Намояндаи ҷониби даъвогарон аз урал Мирҷон Габдуллин гуфт, онҳо талаб доранд, фармони вазири маориф ва илми Қазоқистон, ки вуруди хонандаҳоро бо либосҳои мазҳабӣ ба мактаб манъ мекунад, ғайриқонунӣ дониста шавад.

“Аз Урал 35 нафар ва аз Оқтеппа 29 кас зидди фармони вазир шикоят бурдаанд. Бар пояи фармони вазири маорифи Қазоқистон, ҳоло хонандаҳо ба дарс роҳ дода намешаванд. Бино ба маълумоти ахир, 78 духтар дар ҳоли ҳозир ба мактаб намераванд. Дар Урал 46 мактаб аст ва ҳамаи мудирони онҳо аз фармони вазир ҷонибдорӣ мекунанд”, - гуфт Габдуллин.

Бархе аз иштирокдорони мурофиа гуфтанд, ҳангоми вуруд ба додгоҳ посбонон на танҳо ному насаб, балки ҳуҷҷатҳои онҳоро низ акс гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG