Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон: Қазоқистон убури мошинҳои борбарро осон кард


Сар аз 2 декабр ба ҳудуди Қазоқистон аз Қирғизистон наздики 200 мошини борбар ворид шудааст. Бино бар иттилои сухангӯи хадамоти гумруки Қирғизистон Салқин Абдикариева, шумори мошинҳое, ки дар марз навбатпоӣ мекунанд, кам мешавад.

"То соати 9:30 дақиқаи рӯзи якшанбе дар гузаргоҳи "Оқ-Тилек" 410 мошини борбар дар навбат истода буданд. Соати 18 ҷониби Қазоқистон убури мошинҳоро осонтар кард. То субҳ 225 мошин марзро убур карданд. Пештар дар як соат 7-8 мошин аз марз мегузашт, ҳоло 15-20", - хабар медиҳад Абдикариева.

Ҳукуматҳои Қазоқистону Қирғизистон 2 декабр созишномаи "харитаи роҳ"-ро дар мавриди танзими вазъи марзи ду кишвар имзо карданд. "Харитаи роҳ" барои ҳалли масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар бахши марз, ҳамлу нақл, назорати фитосанитарӣ ва бойторӣ 50 роҳҳалро дар бар мегирад.

Қазоқистон назорати марзиро 10 октябр пурзур кард. Ин боис шуд, ки убури мошинҳои борбар аз марзи байни Қазоқистону Қирғизистон душвор шавад.

Очереди на кыргызско-казахской границе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:33 0:00

XS
SM
MD
LG