Ссылки доступа

Тахфифи пеш аз Соли нав дар Тоҷикистон - ҳақиқат, ё фиреб? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Назар: Озодиро маҳдуд накунем. Волидон дар Тоҷикистон ҳақ пайдо карданд, ки кори фарзандони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назар дошта бошанд. (видео)

- Моҳи асали як ҷуфти тоҷик – дар Дубай. Хурсандии як ҷуфти ҷавони тоҷикро ҳадду канор нест. Нилуфар ва Шӯҳрат баъд аз чанд соли зиндагӣ акнун метавонанд фориғ аз масоили рӯзгор дар Дубай “моҳи асал”-и худро гузаронанд (видео)

- Тахфифи пеш аз Соли нав дар Тоҷикистон - ҳақиқат, ё фиреби назар? Аз 1-уми декабр теъдоде аз фурӯшгоҳҳо дар шаҳри Душанбе тахфиф эълон карда, қимати молу маҳсулоташонро то 70 дарсад поин овардаанд. Аммо аксари харидорон аз ин сабукӣ розӣ нестанд ва ба самимияти фурӯшандаҳо дар нархгузорӣ бовар надоранд (видео)

- Тоҷикистон ба пешвози зимистони сард омода мешавад. Бо шурӯи рӯзи аввали зимистон обуҳавошиносони тоҷик пешгӯи кардаанд, ки ҳавои зимистони имсола мисли соли қабл мешавад. (видео)

- Чаро лӯлиёни Ӯзбекистон дар кӯчаҳои Қирғизистон гадоӣ мекунанд? (видеои Настоящее время)

- Аз замони нахустин пайванди қалб дар ҷаҳон ним аср гузашт. (видео аз Директ)

- Флинн ба гуношаҳ иқрор кард. Мушовири пешини президенти ИМА дар умури амният, ки дар додани шоҳидии бардурӯғ айбдор мешуд, худро гунаҳкор эътироф кард ва гуфт омода аст, бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Флинн ҳамчунин дар додгоҳ гуфт, ки тими Трампро борҳо дар бораи робитаҳояш бо сафири Русия Сергей Кисляк огоҳ кардааст (видео)​

- Чи гуна ба кӯдакони чехӣ "арра" кардани пули буҷаро меомӯзонанд. Дар Чехия ба кӯдакон аз ҳоло меомӯзонанд, ки пули буҷаро чи гуна бояд истифода бурд. (видео аз Директ)

- Чаро расонаҳо Тиллерсонро ба истеъфо мефиристонанд? Кохи сафед хабарҳо дар бораи эҳтимоли истеъфои Рекс Тиллерсонро аз мақоми котиби давлатии ИМА рад кард. Вале ба гуфтаи манобеи The New York Times, ба ҷуз аз ӯ, Ҷаред Кушнер ва мушовири иқтисодӣ Гэри Кон низ маъмурияти Доналд Трампро тарк мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Намоиши Собчак дар Москва. Ксения Собчак, ровии телевизион дар Русия, ки гуфт номзадиашро ба интихобот пешбарӣ мекунад, дар Москва бо ҷонибдоронаш мулоқот баргузор кард (видео аз Директ)

- Намоиши солинавӣ дар Ҳолливуд (видеои Настоящее время)

- Муовини сарвазири Туркия: мо бо ИМА ва Русия амалиёти эҳтимолии зидди курдҳоро дар шимоли Сурия баррасӣ мекунем (видео аз Директ)​

- Калисои православҳои Украина дубора ба зери султаи патриархи Москва -- Филарет бар намегардад. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG