Ссылки доступа

Боздошти як зодаи Ӯзбекистон ҳангоми фурӯхтани тифл дар Воронеж

Додситонии вилояти Воронежи Русия аз боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки мехост, тифлашро бифурӯшад.

Дар хабари додситонӣ омадааст, Моҳлиёхон Муминоваи 39-сола, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таваллуд карда буд, ҳангоми фурӯхтани тифлаш боздошт шуд. Муминова ҳамроҳ бо дӯстписари 29-солааш Саидулло Мирабдуллоев боздошт шудааст. Онҳо мехостанд, тифлро бар ивази 30 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 4,5 ҳазор сомонӣ бифурӯшанд.

Онҳое, ки мехостанд тифли Муминоваро бихаранд, кормандони пулис буданд.

Нисбати Муминова бо моддаи "Талоши фурӯхтани кӯдаки ноболиғ" парванда боз шудааст. Ин модда то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG