Дар размоиш, ки зери унвони "Vigilant Ace" баргузор мешавад, 230 ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии ду кишвар, аз ҷумла шаш зарбазани ноаёни амрикоии "F-22", шаш бомбаафкани "F-35A" ва 12 ҳазор сарбоз иштирок хоҳанд кард.
Ба огаҳии вазорати дифои Куриёи Ҷанубӣ, нирӯҳои ду кишвар дар ҷараёни размоиши панҷрӯза зарба задан ба ҳадафҳои шартиеро тамрин хоҳанд кард, ки нусхаи иншоотҳои марбут ба низоми ҳастаии Куриёи Шимолӣ низ дар миёни онҳо ҳастанд.
Мақомоти Куриёи Шимолӣ ин размоишро "бузургтарин ҳангомаи низомӣ" номида, Вашингтонро дар омодагӣ ба ҷанги ҳастаӣ айбдор карданд.
Вазъ дар минтақа баъди он ки Пхенян 29 ноябр гуфт, як мушаки болдор сар дод, боз бадтар шуд. Раҳбарияти Куриёи Шимолӣ афзуд, ки ин мушак тавони расидан ба ҳама нуқтаҳои ҳудуди қоравии ИМА-ро дорад. Президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин эълом кард, ки кишвараш бунёди нирӯи ҳастаии худро бо комёбӣ ба поён расонд.