Ссылки доступа

Раиси рӯзноманигорони қазоқ: "Қасос намегирам" (Инфографика)

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев 4 декабр, баъди бештар аз як соли зиндон, ба озодӣ баромад. Матаев дар дуздии маблағи будҷа айбдор мешуд, аммо вай ва ҷонибдоронаш ин айбро сиёсӣ меноманд.

Назди дарвозаи зиндон дар деҳаи Заречнии вилояти Алмато наздикон, ҷонибдорон ва намояндагони расонаҳо ба пешвози Матаев ҷамъ омада буданд. Саидқозӣ Матаев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, пеш аз он ки ба кор пардозад, барояш каме вақт лозим аст.

"Хушҳолии аз ҳад зиёд надорам, зеро худро дар озодӣ ҳис намекунам. Писарам ҳанӯз дар зиндон аст", - гуфт Саидқозӣ Матаев. Вай бори дигар айбҳои нисбаташ эълоншударо фармоиши сиёсӣ номид. "Мо айбҳоро эътироф накардем. Ҳамаи айбҳоро рад кардем", - гуфт вай. "Ману писарам ирода дорем. Ҳамин ирода моро роҳнамо буд. Тавре инҷо мегӯянд, бошарафона шиштам ва бошарафона баромадам",- гуфт вай. Матаев афзуд, "қасос нахоҳад гирифт".

Қарори додгоҳ дар бораи шартан ва пеш аз муҳлат озод кардани Матаев як ҳафта пеш ҳукми қонунӣ гирифт, вале Саидқозиро танҳо дирӯз аз зиндон раҳо карданд.

Моҳи октябри соли гузашта Саидқозӣ Матаевро бо айби дуздии пулҳои будҷа, ки барои нашри фармоишҳои давлатӣ дар расонаҳо ҷудо шуда буд, шаш сол зиндонӣ карданд. Писари вай, роҳбари хабаргузории КазТАГ Асет Матаев низ бо айни ҳамин айбҳо 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Падару писар ин айбҳоро рад мекунанд. Муҳлати дархости озодии пеш аз муҳлат барои Асет Матаев ҳанӯз фаро нарасидааст. Матаеви хурдӣ метавонад баҳори соли оянда дар ин бора дархост диҳад.

XS
SM
MD
LG