Ссылки доступа

Баррасии расонаҳо: Яман, Brexit. Оё Тоҷикистону Қирғизистон қарзи Чинро бар мегардонанд?


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Президент тасодуфан кушта шуд?

Бо куштори президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз сӯи шӯришиёни ҳусӣ дар ин кишвар низоъ ба марҳилаи нав ворид мешавад, менависад нашрияи Тhe Wall Street Journal. Ба навиштаи расона, марги президенти пешин ва рукуди эътилофи зидди Арабистони Саудӣ ба оташи ҷанги нуфуз дар Яман миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон равған мерезад.

Таҳлилгарони The Guardian бар инанд, ки баъди куштори Солеҳ аз сӯи ҳусиҳо, ҷанги шаҳрвандии Яман фоҷиабортар мешавад. Президенти пешини Яман, ки бештар аз 30 сол сари қудрат буд, барои он кушта шуд, ки ҳафтаи гузашта бо ҳусиҳо вориди баҳс гашт ва талош дошт, бо Арабистони Саудӣ сулҳ кунад. Ин “баҳс” боиси он шуд, ки тонкҳои ҷангӣ ба кӯчаҳои Санъо бароянд ва дар натиҷа, ба иттилои телевизиони Sky News Arabia, на камтар аз 245 одам кушта шавад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ба шӯришиён содиқи артиш мегӯяд, куштори Солеҳ тасодуфан сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, замоне ки Солеҳ ва ҳамроҳонаш ба Санхан омаданд, нерӯҳои амниятӣ талош карданд, ӯро боздошт кунанд, аммо тирпарронӣ шуруъ ва дар натиҷа президенти пешин ба ҳалокат расид.

Ҳар кӣ “брекзит”-и худро дорад

Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Брекзит ё хуруҷи Бритониё аз иттиҳод ба созиш нарасиданд, аммо бовар доранд, то саммити Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзҳои 14-15 декабр дар назар аст, гуфтугӯҳояшон мусбат анҷом хоҳад шуд, менависад La Republica. Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва раиси Комисияи Аврупо Жан-Клод Юнкер баъди гуфтугӯҳо эътироф карданд, миёни Лондон ва Брюсел “чанд масъала” боқӣ мондааст, ки тарафҳо дар мавриди онҳо ихтилофи назар доранд. Нашрия менависад, ду моҳи охир марзи Ирландия яке аз мушкилтарин мавзуъҳо буд. Ҳукумати Бритониё рӯзи душанбе розӣ шуд, ки баъди хуруҷаш аз Иттиҳоди Аврупо Ирландия ва Ирландияи Шимолӣ мустақилияташонро ҳифз кунанд, менависад The Guardian.

Нашрияи дигари бритониёӣ The Daily Telegraph зикр мекунад, ки “Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо додуситадеро анҷом доданд, ки баъди хуруҷи Бритониё аз иттиҳод марзҳои қатъии Ирландияи Шимолӣ ва Ирландия аз байн хоҳанд рафт”. Вазири корҳои хориҷӣ ва ноиб-сарвазири Ирландия Саймон Ковенӣ гуфт: дар Брюссел ба созиш расиданд, ки марзбандӣ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ҳарду қисмати Ирландия мисли ҳозир тартиботи ягонаи гумрукӣ ва тиҷоратиро риоя мекунанд.

Оё Тоҷикистону Қирғизистон қарзи Чинро бармегардонанд?

The Diplomat ин андешаро, ки ду кишвари фақири Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Қирғизистон наметавонанд, қарзи Чинро баргардонанд, рад мекунад. Нашрия арқому далелҳоеро зикр мекунад, ки бар асоси онҳо, ду кишвар то ҳол дар воқеъ тавонистаанд, аз уҳдаи идораи қарзҳояшон бароянд. Интизор меравад, ки сатҳи рушди иқтисодӣ аз сатҳи баргардонии қарзҳо бештар хоҳад буд.

Аммо, нашрия огоҳ мекунад, аз он ҷо ки бештари қарзҳои Чин бо доллари ИМА ифода шудаанд, “Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани қурби асъорашон захираи кофии молӣ нахоҳанд ёфт. Камбуди содирот низ яке аз омилҳои дигари ноустувории молии ин ду кишвар аст”. Дар ниҳоят, хатар вуҷуд дорад ва ҳам хатари ба анозаи кофӣ муҳим.

ИМА ва Русия дигар дар Афғонистон

Генералҳо ва дипломатҳои амрикоӣ дурнамои ислоҳи стратегияи худро дар Афғонистон аз нуқтаи назари ҳамкории густардаи низомӣ бо Русия баррасӣ мекунанд, менависад нашрияи The Washington Times.​

Ба вижа, ИМА омодааст, талаби Русияро дар бораи ҳамоҳангсозии чораҳои мубориза зидди истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон қонеъ созад. Рӯзҳои охир котиби давлатии ИМА Тиллерсон ва Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон низ борҳо ошкоро гуфтанд, ки Вашингтон омодааст, бо Москва дар мавриди Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

Шореҳон мегӯянд, ду кишвар дар давлатҳои алоҳидаи минтақа мухолифи ҳам қарор доранд, аммо эҳтимол аст, дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG