Ссылки доступа

Русия аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ маҳрум шуд

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) мунтахаби Русияро аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки моҳи феврали соли 2018 дар шаҳри Пхенчхани Куриёи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, маҳрум кард.

Вале ба варзишгарони "пок" иҷозат дода шуд, ки зери парчами бетарафии олимпӣ иштирок кунанд. Тибқи қарори КБО, суруди миллии Русия низ дар Олимпиада садо нахоҳад дод.

Салоҳиятҳои Кумитаи олимпии Русия ба далели "сохтакории мунтазами низоми мубориза бо истифодаи доруҳои мамнуи нирӯафзо" бекор карда шуданд. Ҳамчунин муовини сарвазир Виталий Мутко ва муовини пешини вазири варзиши Русия Юрий Нагорних умрбод аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум гашта, ягон мансабдори Вазорати варзиши ин кишвар низ наметавонад ба бозиҳои Пхенчхан роҳ ёбад.

Ба ҷуз ин, КБО Кумитаи олимпии Русияро вазифадор кард, ки 15 миллион доллар ҳамчун ҷуброни хароҷоти санҷишҳоро супорад.

Муовини аввали кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсия Франтс Клинтсевич ва муовини раиси Думаи давлатӣ Игор Лебедев дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфтанд, ки варзишгарони рус бояд Бозиҳои олимпиро таҳрим кунанд.

Дар ширкати телевизион ва радиошунавонии давлатии Русия ба "Интерфакс" гуфтанд, онҳо Бозиҳои олимпии Пхенчханро, ки бе иштироки варзишгарони рус баргузор мешавад, намоиш нахоҳанд дод.

Дар таърих бори нахуст аст, ки тамоми азъои як тими мунтахаб ба далели истифодаи доруҳои мамнуи нирӯафзо аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ маҳрум мешаванд. То ҳол, дасти кам 11 медали варзишгарони рус аз бозиҳои Сочӣ дар соли 2014 бозпас гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG