Пештар додситони кулли Украина Юрий Лутсенко ҳангоми суханронӣ дар порлумони ин кишвар гуфт, Саакашвилӣ, ки рӯзи сешанбе аз тарафи пулис боздошт шуд ва ҷонибдоронаш ӯро озод карданд, "фирорӣ" дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сиёсатмадор бо ин амали худ имкони ба ҳабси хонагӣ гирифтани худро зери суол бурд.
Мақомоти Украина Михаил Саакашвилиро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карда, мегӯянд, ӯ барои тазоҳурот дар Украина аз олигарх Сергей Курченко, яке аз афроди наздики президенти пешини ин кишвар Виктор Янукович ним миллион доллар гирифтааст.
Додситонии Украина рӯзи сешанбе навори суҳбати телефониеро нашр кард, ки ба иддаои ин ниҳод, миёни Саакашвилӣ ва Курченко сурат гирифтааст. Дувумӣ гӯиё ба сиёсатмадор пешниҳод мекунад, ки бо ҳам "таърихи тӯлонӣ" бисозанд. Курченко мегӯяд, дар Украина "манфиатҳои тиҷорӣ" ва ба "утоқҳои гуногун"-и Русия дастрасӣ дорад.
Худи Саакашвилӣ боздошташро ҳангома номида, мақомоту хадамоти махсуси Украинаро ба ҳамкорӣ бо Кремл айбдор ва ба сарнагун сохтани ҳукумати президент Петр Порошенко даъват кард.