Ссылки доступа

VISA хизматрасонии бонкҳои Туркманистонро қатъ кард


VISA хизматрасонии бонкҳои Туркманистонро қатъ кард. Сарчашмаҳо мегӯянд, сабаби ин тасмим қарзи бонкҳои Туркманистон аз VISA ва инчунин маҳдудияти худсарона дар истифодаи кортҳои пластикӣ, ки аз сӯи мақомоти Туркманистон ҷорӣ шудааст, мебошад.

Кортҳои пластикии VISA миёни сокинони Туркманистон, ки ба хориҷ мераванд, васеъ истифода мешавад.

Маҳдудияти истифодаи корҳои VISA чандест ҷорӣ шуда ва ахиран ин маҳдудият бештар шуд. Ибтидои моҳ мақомоти Туркманистон иҷозат доданд, ки аз ҳар корт дар рӯз танҳо 50 доллар нақд карда шавад.

Мақомоти Туркманистон гуфтанд, "низоми байналмилалии пардохти VISA хизматрасонии ҳамаи кортҳоеро, ки бонкҳои Туркманистон додаанд, қатъ кардааст".

XS
SM
MD
LG