Бо дастури раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, баррасии парванда аз Тотористон ба Москва интиқол дода шуд.
Бино бар гуфтаи тафтишот, Халимдаров ҳамроҳ бо зердастонаш дар соли 2005 рабудани сокини Қазоқистонро ташкил карда, ӯро баъдан бо айбҳои сохта дар фурӯши маводи мухаддир 13 сол зиндонӣ кардаанд.
Пулиси Қазон танҳо дар соли 2013 боздошт шуд. Ибтидо ӯро дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ айбдор мекарданд. Танҳо баъди интиқоли парванда ба дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишотӣ айбномаи вай тағйир дода шуд.