Ба гуфтаи Холназаров, кормандони бюро бидуни асос вайро дар иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии гандум ва биринҷ айбдор кардаанд.
"Мо ба рӯи онҳо дарвозаро накушодем. Онҳо аз болои девор ба хонаи мо ворид шуда, дари анборро кушоданд ва халтаҳои биринҷро берун бароварданд. Вале баъди он ки падарам омаду санадҳои лозимиро нишон дода, гуфт, қарздор нестем, онҳо халтаҳоро дубора ба анбор дароварда, рафтанд", - мегӯяд писари кишоварз Равшанбек.
Вале раҳбари ноҳияи Музробод Жовлӣ Холмуродов хабарҳо дар бораи кӯшиши мусодираи биринҷҳои Холназаровро рад кард. "Онҷо ягон ғоратгарӣ нашудааст. Онҳо аз ҳисоби вомҳои имтиёздор андоз надода буданд. Кормандони пулис ва бюро вазифаи худро анҷом додаанд. Ҳамаи кор дар доираи қонун анҷом шуда, касе ӯро таҳқиру латтукӯб накардааст", - афзуд Холмуродов.
Ҳамсуҳбати мо тасдиқ кард, ки кормандони бюро қарздории 530 кишоварзи Музрободро аз андоз тафтиш доранд. Дар ҳамин ҳол, як манбаи муътамад гуфт, дар Музробод мақомот молу маҳсулот, чорво ва мошинҳои кишоварзони қарздорро мусодира мекунанд.