Ссылки доступа

Саакашвилӣ ба бозпурсӣ ҳозир нашуд


Президенти пешини Гурҷистон, губернатори собиқи вилояти Одессаи Украина Михаил Саакашвилӣ ба бозпурсӣ ҳозир нашуд. Ӯро мебоист дар доираи парвандаи табаддулоти давлатӣ дар Украина бозпурсӣ мекарданд.

Маряна Почтар, яке аз ҷонибдорони Саакашвилӣ мегӯяд, президенти пешини Гурҷистон ҳеҷ ҳуҷҷате дар бораи ба бозпурсӣ даъват шуданаш дарёфт ва имзо накардааст. Ба гуфтаи Почтар, 6 декабр Саакашвилӣ дар назди порлумони Украина нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад кард.

Рӯзи сешанбе додситони кулли Украина Юрий Лутсенко гуфт, Саакашвилӣ, ки нахуст боздошт ва аз сӯи ҷонибдоронаш раҳо карда шуд, "фирорӣ" дониста мешавад. Лутсенко ба Саакашвилӣ 24 соат вақт дод, ки бо хоҳиши худ ба мақомоти қудратӣ ҳозир шавад.

Субҳи 6 декабр сухангӯи додситон Лариса Сарган дар саҳифаи Твиттер навишт, Саакашвилӣ дар пайгарди қонунӣ эълон шудааст. Имрӯз полис талош кард, шаҳраки хаймаҳои ҷонибдорони Саакашвилиро тахриб кунад. Баъди ин, раиси пешини вилояти Одесса аз президенти Украина хост, иғвоангезӣ ва ҳамла ба ҷонибдорони ӯро қатъ кунад.

Мақомоти Украина мегӯянд, Саакашвилӣ барои талоши табаддулоти давлатӣ аз олигархи наздик ба президенти пешини Украина Виктор Янукович 500 ҳазор доллар дарёфт кардааст.

(Боздошт ва озодсозии Саакашвилӣ - нигористон)

XS
SM
MD
LG